Шуъбаи кор бо ҷавонон

Шуъбаи кор бо ҷавонон  ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии донишгоҳ ҳамчун созмони ҷавонон дар тобеияти шуъбаи тарбия арзи вуҷуд дошт.  Шуъбаи кор бо ҷавонон дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати  давлатии  ҷавонон”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи туризм”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии  соҳаи маориф ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақшаи чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳ фаъолияти  худро ба роҳ мондааст. 

ПРИНСИПҲОИ КОРИИ ШУЪБА

-худихтиёрӣ ва дарки масъулият;

-ошкорбаёнӣ дар фаъолият;

-бетараф набудан;

-анҷоми кори беминнат ва босифат;

-тақвияти инсондӯстӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ;

-рушди истеъдодҳои шахсӣ;

-дастгирии маънавии донишҷӯён;

-барои дигарон намунаи ибрат будан;

-аз даст надодани зиракии сиёсӣ.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

-иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ;

-шуғлнокии ҷавонон;

-таъмини тарзи ҳаёти солим;

-таҳсилоти муносиб барои ҷавонон;

-таъминоти иҷтимоии ҷавонон;

-таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;

-мустақилияти иқтисодии ҷавонон;

-тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

-ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон;

-ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методӣ миёни ҷавонон.