Раёсати кадрҳо ҳамчун воҳиди сохтори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» фаъолияти худро дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳои қабулнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи раёсати кадрҳои муассисаи байналмилалии таълимии «Донишгоҳи байналмилаии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода», санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидонишгоҳӣ, дастурамали вазифавӣ, қарорҳои Шурои олимон, раёсат ва дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Мақсади асосии раёсати кадрҳо ва корҳои махсус баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони Донишгоҳ, фароҳам овардани шароити моддӣ барои рушди фаъолияти онҳо, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии кормандон мебошад.
Фаъолияти раёсати мазкур, инчунин, ба таъмини вазифаҳои зерин нигаронида шудааст: мутобиқати касбӣ, муайян кардани талаботи муқарраршуда ва банақшагирии дурнамои масъалаҳои кадрӣ, тартиб додани низомнома оид ба ишғоли ҷойҳои холӣ ва ҷойҳои корӣ, иҷрои мувофиқати касбӣ, вазифаҳо барои рушди минбаъда, тағйирот дар ҳайати кормандон, ҷалби кадрҳои баландихтисос барои кор дар сохторҳои Донишгоҳ, таҳлил ва назорати доимии интизоми меҳнат, тартиб ва пешниҳод намудани ҷадвали озмун барои ишғол намудани вазифаҳои холии омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо, баҳисобгирии кадрҳо.
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳ соли 1979 таъсис ёфта, аввалин инспектори шуъбаи кадрҳо Рекалова Елена Павловна буд. Айни замон сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Юсупова Бибиҷон Ғаниҷоновна мебошад.
Айни замон раёсати кадрҳо ва корҳои махсус аз шуъбаҳои зерин иборат аст: шуъбаи бойгонӣ, шуъбаи умумӣ, шуъбаи 2-юм, шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, шуъбаи бақайдгирии шиносномаҳо.