Раёсати робитаҳои байналмилалӣ (РРБ)
Самтҳои асосии кори раёсати робитаҳои байналмиллалӣ рушди ҳамкориҳо ва таҳсилоти байналмилалӣ бо назардошти афзалиятҳои стратегияи байналмилаликунонии фаъолияти ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода мебошад.
Рушди таҳсилоти байналмилалӣ:
– ташкили қабул ва таълими шаҳрвандони хориҷӣ дар ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода;
– расонидани кӯмак ба донишҷӯёни хориҷии ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода бо мақсади мутобиқ шудани онҳо ба шароити таълим ва иҷтимоии Донишгоҳ;
– ба сатҳи байналмилалӣ расонидани ҳаёти донишҷӯён, дастгирии чорабиниҳои баргузоркунандаи донишҷӯёни хориҷӣ.
Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ:
– рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон, марказҳои тадқиқотӣ, бунёдҳо ва ғайра;
– ташкили барномаи сафарбаркунии академӣ барои донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорони ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода;
– қабул ва дастгирии ҳайатҳои расмии хориљӣ, инчунин олимону мутахассисони алоҳидаи даъватшуда;
– кӯмаки ташкилӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ дар ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода;
– таҳия ва дастгирии фаъолияти лоиҳавии кафедраҳои ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода, аз чумла, дар доираи грантҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ;
– мониторинг ва таҳлили фаъолияти байналмилалии ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва шуъбаҳои он.