Қоидаҳои қабул

Ф А Р М О И Ш И
ВАЗИРИ  МАОРИФ ВА ИЛМИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

аз    17 майи соли 2019          № 2670          ш. Душанбе

Дар бораи амалӣ намудании қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 04. 2019, № 6/1-14

Бо мақсади амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 04. 2019, № 6/1-14  «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм  дар соли таҳсили 2019-2020» мутобиқи банди 13-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145) ФАРМОИШ  МЕДИҲАМ:

1.Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 30. 04. 2019, № 6/1-14  «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм  дар соли таҳсили 2019-2020» мавриди амал қарор дода шавад (замима мегардад). 

2.Ба ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки қабули довталабонро барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм тибқи талаботи Қоидаҳои қабули мазкур роҳандозӣ намоянд.

3. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (Ф. Ҳайдаров) риояи Қоидаҳои қабули мазкурро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таъмин намояд. 

4.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир        С. Давлатзода  гузошта шавад.

   Вазир             Нуриддин Саид

Муовини якуми вазир
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот                                                                                                                                                                                       

ҚАРОРИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 30 апрели  соли 2019      №6/1-4            ш. Душанбе

Оид ба тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2019-2020

Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2019-2020-ро муҳокима намуда,  

Қ А Р О Р   М Е К У Н А Д:

1. Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2019-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад). 

2.Ба ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супорида шавад:

2.1. Ҳангоми қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2019-2020 талаботи бандҳои Қоидаҳои қабули мазкурро ба роҳбарӣ гиранд;

2.2. Оид ба таъсиси комиссияи қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2018-2019 то 25 майи соли 2019 маълумот пешниҳод намоянд;

2.3. Аз натиҷаи кори комиссияи қабул то 20 сентябри соли 2019 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассали таҳлилӣ ирсол намоянд.

3. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (Ф. Ҳайдаров) риояи Қоидаҳои қабули мазкурро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таъмин намояд. 

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини вазир            С. Давлатзода гузошта шавад.

Раиси мушовара, вазир                                                                      Нуриддин Саид                                                                   

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30  апрели  соли 2019, №6/1-14  тасдиқ шудааст

Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2019-2020

1. Қоидаҳои умумӣ

1.Қоидаҳои мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

2.Қоидаи мазкур бо мақсади ба танзим даровардани таҳсилоти олии дуюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгўи талаботи замон ва мувофиқ ба сохти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва бозори меҳнат, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаву мaҳорати касбии шаҳрвандон, таҳия мегардад.

3. Бо назардошти дорои таҳсилоти олии касбӣ будани шаҳрвандон муҳлати таҳсил барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм барои зинаи бакалавр новобаста аз шакли таҳсил 3 сол ва барои зинаи мутахассис ва ихтисосҳои ҳамгиро 4 сол (барои ихтисосҳои соҳаи тиб тибқи муқаррарот) муқаррар мегардад (Низомномаи таҳсилоти олии дуюм (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2019, №4/37).   

4.Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти олии дуюм (таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ) дар асоси шартнома (пулакӣ) иҷозат дода мешавад.

2.Тартиби қабули довталабон

5. Барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дорои диплом дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошанд (пас аз эътирофи баробарарзишии дипломи онҳо), қабул карда мешаванд. 

6.Тибқи тартиби муқарраргардида баробарарзишии дипломҳои пешниҳодгардидаро Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф муайян менамояд.

7.Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм, ташкил ва гузаронидани суҳбати қабули онҳо бо фармоиши ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ректор (директор) мебошад. 

8.Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фақат бо доштани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули довталабонро аз рўи равия ва ихтисосҳои мухталиф расман эълон намояд (филиали муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд мустақиман иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дошта бошад).

9.Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифадор аст, ки довталабонро бо иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва инчунин шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намояд. 

10.Комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгўи равия ва ихтисосҳо, теъдоди қабулро аз рўи равия ва ихтисосҳо тариқи шартномавӣ эълон намояд.

11.Қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм танҳо тибқи шартнома дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷозат дода мешавад. 

12.Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул аз 20 июн  то 20 август ва муҳлати гузаронидани суҳбат  аз 21 то 28 август таъин карда мешавад. 

13.Довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаи мазкур ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

-ариза ба номи ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (дар ҳолатҳои истисноӣ довталаб метавонад нусхаи тасдиқи нотариалиро пешниҳод намояд);

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихоб карда;

– 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;

– маълумотномаи тиббӣ;                                                                

– шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

14.Баъд аз суҳбати комиссия гузаштани довталаб барои қабул ба сафи донишҷўён қарори комиссияи қабул бароварда мешавад. 

15.Довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар асоси талаботи Қоидаҳои қабули мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

16.Фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм то 31 август  дар асоси қарори комиссияи қабул ба тавсиб расонида мешавад.

17.Довталабоне, ки дар рўзи муайяншуда бесабаб ба суҳбати қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашта шуда ҳисобида мешаванд. 

18.Дар сурати  қаноатманд набудан аз суҳбат довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то  3 рўз тариқи апеллятсия (комиссияи апеллятсионӣ бо фармоиши ректор таъсис дода мешавад) шинос шавад. Баррасии апеллятсия аз нав гузаштани суҳбат набуда, балки танҳо санҷиши дурустии он мебошад ва он дар протокол қайд карда мешавад. 

19.Назорат аз болои фаъолияти комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор ба амал бароварда мешавад.

20.Таъмин, риоя ва иҷрои Қоидаи қабули мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ мебошад.  

21.Ба шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи нақшаи таълимии таҳсилоти дуюм бомуваффақият хатм менамоянд, диплом ва нишонаи намунаи давлатии дар бораи таҳсилоти дуюми олии касбӣ муқарраршуда бо тахассуси мувофиқ дода мешавад.

22.Ҳаҷм ва тартиби пардохти маблағи таҳсил барои гирифтани таҳсилоти олии дуюмро муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақомоти дахлдор муайян менамоянд. Маблағи таҳсил дар шакли нақд ва ғайринақдӣ бо асъори миллӣ (сомонӣ) пардохт карда мешавад.

23.Ҳангоми аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудани донишҷў тартиби бозпас додани маблағи пешпардохт кардашуда дар асоси шартномаи байни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ амалӣ карда мешавад.

Замимаи 1

ПРОТОКОЛИ №_____ аз __________ соли 20____                                                                                          

Оиди гузаронидани суҳбат барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм

Бо довталаб  ______________________________________________ 

(ному насаб)

дар таърихи «_____» ___________соли 20___ дар комиссияи қабули ______________________________________________

(номи муассисаи таълимӣ)

суҳбат баргузор гардид.

  Ба комиссияи қабул тибқи «Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм»  ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шудаанд.  

Аз он ҷумла:

1. Диплом (№____) дар бораи хатми __________

                                                                                    (номи муассисаи таълимӣ) ихтисоси______________________________________

2. Ба довталаб суҳбати тахассусӣ аз рўи ихтисос баргузор карда мешавад (саволҳо бо ҷавобҳояш ҳатман замима гардад)

Комиссияи қабул аз рўи суҳбат чунин хулоса баровард:

      1. Сатҳи дониши довталаб дар асоси суҳбат ___ ______________________________ ҳисобида шавад.

                           (қаноатбахш, ғайриқаноатбахш)

2. Тибқи «Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм» ба сафи донишҷўёни курси ___ шуъбаи ____________шакли  таҳсили  шартномавӣ аз рўи ихтисоси _________

 (рўзона ва ё ғоибона)  

_________________________________________қабул карда шавад.

   

Раиси комиссияи қабул           ___________________

Аъзоёни комиссияи қабул       ____________________

                        __________________________ 

                        ___________________________декани факултет 

Тавзеҳот 

ба лоиҳаи   «Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар соли таҳсили 2019-2020»

Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ  бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки хоҳиши гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд лоиҳаи «Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар соли таҳсили 2019-2020»-ро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия намуд.

Қоидаи мазкур бо мақсади ба танзим даровардани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгўи талаботи замон ва мувофиқ ба сохти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва бозори меҳнат, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаву мaҳорати касбии шаҳрвандон, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи мазкур тамоми ҷабҳаҳои  раванди қабули ҳуҷҷатҳо ва баргузории суҳбат бо довталабони таҳсилоти дуюмро дар бар гирифта бо аъзоёни мушовара мувофиқа гардидааст.

Аз ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи мазкурро дастгирӣ менамудед.