Previous slide
Next slide
Имрӯз, 9-уми марти соли 2024, дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷииТоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 18-умин озмуни “Наттоқони забони ҷопонӣ” баргузор шуд, ки дар он ректор, профессор Жило Гулназарзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айки Тошиҳиро ва намоянда аз дафтари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Ректор Жило Гулназарзода ва сафир Айки Тошиҳиро оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ва иҷрои созишномаи муассиса бо донишгоҳу донишкадаҳои кишвари Ҷопон мубодилаи афкор карданд.
Баъдан дар толори фарҳангии Донишгоҳ 18-умин озмуни “Наттоқони забони ҷопонӣ” баргузор шуд.
Ректор изҳор дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти кишвари Ҷопон муносибатҳо дар ҳама соҳа густариш ёфтааст.
Сафир барои пазироии самимонаи тоҷикона изҳори хушнудӣ карда, иброз дошт, ки барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тарафайн миёни Донишгоҳ ва муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ҷопон саҳми худро мегузорад.
Дар идома ҳунару истеъдод, донишу малака ва сатҳи забондонии иштирокчиёни озмун аз ҷониби сафир, мутахассисони соҳа ва омӯзгорони забони ҷопонӣ баҳогузорӣ карда шуд.
Озмун аз рӯйи шартҳои қироати мавзуъҳои интихобӣ ва хондани иншо гузаронида шуд, ки дар он 25 нафар аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Литсейи “Ҳотам ПВ” дар шаҳри Ҳисор ва Маркази забономӯзӣ ва фарҳангии “КОКОРО” фаъолона ширкат доштанд.
Озмун дар ду бахш баргузор шуд.
Боиси зикру ифтихор аст, ки дар ҳарду бахш ҷойҳои ифтихорӣ насиби донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гардид.
Натиҷае, ки аз ҷониби ҳакамон муайян шуд, чунин аст:
1. Дар бахши қироати матни интихобӣ:
Ҷойи аввал: Яковлев Санҷар, донишҷӯи курси 1-уми ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода;
Ҷойи сеюм: Ғаюриён Муҳаммадризо, донишҷўи курси 1-уми ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода.
2. Дар бахши қироати иншои озод:
Ҷойи аввал: Ҳомидова Мавзуна, донишҷўи курси 3-юми ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода; Ҷойи дуюм: Ализода Гулноза, донишҷўи курси 4-уми ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода;
Ҷойи сеюм: Одинаева Зуҳро, донишҷўи курси 3-юми ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода.
Ғолибон бо сертификат ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Озмун бо барномаи фарҳангӣ ва тақдими туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба сафир ба анҷом расид.