Previous slide
Next slide
Дар факултети забон ва адабиёти рус аз тарафи мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ, профессор Назир Азимзода маҳфили илмӣ –амалӣ дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ — экстремистӣ”-бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Роҳбари маҳфил, профессор Назир Азимзода иброз дошт, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби арзишҳои демократӣ мебошад.
Дар идома донишҷӯи соли 2-юми факултет Фарзона Шарипова дар мавзуи “Роль Президента Республика Таджикистан в реализации мира и стабильности в республике” ва донишҷӯйи курси 2-юми ҳамин факултет Сарвиноз Сӯфиева дар мавзуи “Роль Лидера нации в реализации мира” маърузаи хешро пешниҳод карданд.,
Дар фарҷоми маҳфил сармушовири академии факултети забон ва адабиёти рус Сабзалӣ Ғуломзода оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ибрози назар кард.
Дар охир байни иштирокдорон атрофи мавзуъҳои баррасишуда музокира сурат гирифт.