Previous slide
Next slide
Ба муносибати Рӯзи модар дар хобгоҳи Донишгоҳ маҳфили идона зери унвони “Модар фаришта буд…” бо ширкати омӯзгорон, донишҷӯён ва истиқоматкунандагони он баргузор шуд.
Муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи бузургии Зан-Модар, нақши бонувон дар ҷомеа сухан гуфта, ҷавононро барои қадр кардани заҳматҳои модарҳояшон даъват кард.
Дар идома баҳри болидахотирии табъи ҳозирин аз ҷониби иштирокчиён барномаи хотирмони фарҳангӣ, ки фарогири табрикот бо забонҳои хориҷӣ, рақсу сурудҳои зебо, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва қироати шеъру ғазалҳо дар васфи бузургии Зан-Модар буд, пешниҳод гардид.
Аз ҷониби ҳозирин ба рафти чорабинӣ баҳои баланд дода шуд.