Previous slide
Next slide
Бахшида ба Рӯзи модар 7-уми марти соли 2024 дар факултаи филология ва рӯзноманигорӣ чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ таҳти унвони “Модар – сарчашмаи ҳаёт” баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, сардорони раёсати таълим, раёсати кадрҳо, деканони факултетҳо ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрик гуфта, аз дастгириву иқдомоти арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон дар замони соҳибистиқлолӣ ибрози назар кард.
Зикр шуд, ки бояд ҳар яки мо, бонувони саодатманди тоҷик, дар ҷавоб ба ин ҳама дастгирии Ҳукумати кишвар саҳми худро дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон гузошта, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва забономӯзиву донишандӯзӣ тарбия намоем.
Дар идома аз ҷониби садорати факултет донишҷӯёдухтарони фаъол, ки дар чорабиниҳои илмӣ, тарбиявӣ ва фарҳангии Донишгоҳ фаъолона ширкат доштанд, бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дастаи ҳунарии “Дидадаро” — и факултети филология ва рӯзноманигорӣ барномаи хотирмонеро, ки фарогири шеъру тарона, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва суруду рақсҳои зебо буд, пешниҳод кард.
Декани факултети филология ва рӯзноманигорӣ Бахтиёр Абдураҳимов модарону бонувонро ба муносибати Рӯзи модар муборакбод гуфта, дар ситоиши Зан-Модар суханҳои меҳрбору самимӣ гуфт.
Меҳмонон ба раванди чорабинии факултет ва ҳунару истеъдоди нодири донишҷӯён баҳои баланд доданд.